Убайдуллоев аз 'корҳои номатлуб' дар марказҳои дилхушӣ нигаронӣ кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 3-юми июн дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ масоили хоҷагидории пойтахтро баррасӣ кардааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, иттилоъ дод, дар ҷаласа, қабл аз ҳама ҳолати санитарию экологӣ, ба хусус дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳандозии назорати санитарӣ зимни фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан дар фасли гармо муҳокима шудаанд.
Убайдуллоев дар ҷаласа бо зикри маълумоти дақиқ ва таҳлили фазои фарҳангию ахлоқии шаҳр, аз ҳолатҳои алоҳидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳор нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ додааст, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои мазкурро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Ӯ таъкид кардааст, "нисбат ба ноболиғон ва ҷавононе, ки шабона оромии сокинонро халалдор мекунанд, чораҳои профилактикӣ андешида, барои пешгирӣ падару модаронашон ҷалб карда шаванд".