Пешниҳоди таъсиси Анҷумани вакилони мудофеи Тоҷикистон
Вакилони мудофеи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки барои дифоъ аз ҳаққи онҳо “Анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон” ташкил шавад. Ин пешниҳод рӯзи севуми июн дар як конфронси байналмилалӣ дар Душанбе садо дод.
Дар кори ин конфронс намояндаҳои Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи башари Аврупо низ иштирок доштанд ва онҳо гуфтанд, ки дар ташкили Анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон кумаки худро хоҳанд расонд.
Дар ин нишаст вакилони мудофеъ дар бораи таъмини вазъи ҳуқуқи инсон ва ҷойгоҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар қонунгузории кишвар низ назари худро баён доштанд. Файзиннисо Воҳидова, яке аз вакилони мудофеъ, дар ин нишаст гуфт, ҳарчанд Қонуни асосӣ ҳуқуқи иштирок дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкили гирдиҳамоиҳоро додааст, вале дар асл шаҳрвандон аз ин ҳама маҳруманд.
“Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки фишор болои ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зиёд шуда, фаъолон дар маҳалҳо бо ҳар гуна роҳҳои сунъӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, додгоҳ бошад ҳатман ба манфиати мақомоти давлатӣ ҷонибдорӣ менамояд. Мутаассифона, масъулони мақомоти маҳаллӣ ҳизби сиёсиро аз ташкилоти динӣ фарқ намекунанд. Фаъолони ҳизби сиёсӣ бо асосҳое, ки қонун барои ташкилоти динӣ муқаррар кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”,-афзуд Воҳидова.