Дар Латвия аз зарари ТАЛКО гуфтанд
Сафорати Узбакистон бо баргузории як ҳамоиш дар Латвия аз олудасозии навоҳии наздимарзии ин кишвар аз ҷониби корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО, изҳори нигаронӣ кардааст.
“Baltic Course” рӯзи 3-юми июн иттилоъ додааст, ки масъулини узбак зимни ҳамоиш таъкид кардаанд, Талко ҳанӯз соли 1975 сохта шуда, бо истеҳсолоти ифлосаш низоми экологии минтақаро вайрон намудаасту ҷони садҳо ҳазор нафарро зери хатар гузоштааст.
Сафорати Узбакистон дар Латвия иштирокдорони ҳамоишро огоҳ кардааст, ки партовҳои заҳролуди Талко тавассути шамол асосан ба тарафи Сурхондарё бурда мешаванд, ки беш аз 1 миллиону 100 ҳазор сокин дорад. Масъулини узбак ҳаҷми хисороти Талкоро ба Узбакистон танҳо дар 5 соли охир 447 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки зарараш ба саломатию муҳити минтақа беҳисоб аст.
Ба сифати далел мақомоти узбак изҳороти бархе аз созмонҳои гӯиё ҷамъиятию коршиносони алоҳидаро ироа кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Талко мегӯянд, Тошканд як маъракаи густурдаро алайҳи ин корхона пеша кардааст ва бо ҷалби созмону коршиносони кироя талош дорад, корхонаи алюминиюми тоҷикро “сиёҳ” кунад. Аз охирин талошҳои Тошканд дар ин самт кирояи синамогарони итолиёвӣ барои сабти филм дар бораи зарари Талко арзёбӣ мешавад.