Адвокат: То ҳол далели гунаҳкории Зайд Саидов пешниҳод нашудааст
Мақомоти тоҷик, дархости вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноати Тоҷикистонро дар мавриди гарав ба ивази раҳоӣ аз ҳабси пешакӣ рад кардаанд.
Дар ин бора Фахриддин Зокиров, вакили дифои Зайд Саидов рӯзи 3-юми июн дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошт. Зокиров гуфт, мулоқоти охирини вакилон бо Зайд Саидов охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт. Ӯ афзуд, зерҳимояаш дарди куҳнаи захми меъда дорад, ки дар боздоштгоҳ хуруҷ кардааст. Мақомот пешниҳоди вакилонро, ки табибон вазъи саломатии Саидовро ташхис кунанд рад намуда, таъкид доштаанд, ки ҳар дору ва табиби заруриро аз дохили худи маҳбас таъмин хоҳанд кард.
Бо гузашти ним моҳ аз боздошти Зайд Саидов то ҳол ба гуфтаи Зокиров, мақомот ба ҷузъ эълони иттиҳомоти пешакӣ далели мушаххаси гунаҳкор будани Зайд Саидовро пешниҳод накардаанд.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, рӯзи 19-уми май боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи анмияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар тақаллуб, чандҳамсарӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.