Сайри аксҳои парчами даридаи Тоҷикистон дар Фейсбук
Бархе аз корбарони интернет аксҳои парчами Тоҷикистонро, ки дар пайи шамоли сахт даридаву ба замин афтидааст, дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд.
Рӯзи дуюми июн шамоли сахт парчами Тоҷикистонро, ки дар баландии 165 метр дар маркази Душанбе ҷо гирифтааст, пора кардаву ба поён афканд. Ин ҳамон парчамест, ки ду соли пеш ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуда, яке аз ифтихороти сокинони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ин бори дувум аст, ки парчами балантарини Тоҷикистон даридаву ба замин меафтад. Ду моҳ қабл, рӯзи 23-юми апрел, низ баъд аз вазидани шамол парчам ба замин афтида буд.
Бештари корбарони Фейсбук аксҳои парчами даридаи Тоҷикистонро дар саҳифаҳои худ гузоштаанд, ки вокунишҳоеро ҳам дар пай доштааст. Бисёриҳо ин парчамро на як ифтихори миллӣ, балки мояи хандахариш донистаанд. Бархеи дигар онро як ҳодисае донистаанд, ки ихтиёраш дар дасти мақомдорон ва ё сокинон набуд.
Дар се-чаҳор соли охир Тоҷикистон ҷашни парчами миллиро расмӣ кардааст, ки он ҳар сол моҳи ноябр таҷлил мешавад. Ёдрас мекунем, парчами баландтарини Тоҷикистон рӯзи 24-уми майи 2011 сохта шуда, рӯзи 9-уми сентябри ҳамон сол, ки 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешуд, аз он пардабардорӣ шуд.