Зоиров: “Ин дафъа касе намедонад, кӣ президент хоҳад шуд”
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтааст, иштироки ӯ дар интихобот на ба маънои дарёфти қудрат, балки “ба чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ворид кардани интихоботи президентист”. Вай ин нуктаро дар посух ба суоли яке аз аъзои гуруҳи “Платформа” дар шабакаи Фейсбук баён доштааст.
“Агар талош кунаму ба ин ҳадаф нарасам, виҷдонам дар назди Худованду мардуми Тоҷикистон тоза мешавад. Агар ҳаракат накунаму имконият диҳам, ки қонуншиканӣ рӯй медиҳад, мо, ки раҳбарии ҳизбро ба зимма дорем, гуноҳи азим содир мекунем”,-афзудааст ӯ.
Оқои Зоиров дар идома гуфтааст, “тамоми халқ медонад, ки интихобот дар ҷумҳурии мо ба таври шаффоф намегузарад, аммо ин дафъа, ки раисиҷумҳур мешавад, маълум нест. Албатта, боз қонуншиканӣ ва тақаллубкорӣ мешавад ва агар Эмомалӣ Раҳмон боз номзадии худро пешниҳод кунад, механизми давлатдорӣ инро таъмин менамоянд, аммо, ӯро аз ҷиҳати ҳуқуқ ва қонун президент эътироф кардан ғайриимкон аст. Яъне, дар ин ҳолат, аз ин интихобот Тоҷикистон бе президенти расмӣ мемонад ва ин ваъзияти ҷумҳуриро аз танзими ҳуқуқӣ мебарорад.”
Раҳматилло Зоиров дар посух ба ин суол, ки оё дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иштирок хоҳад кард, ё не, гуфтааст, инро анҷумани ҳизб муайян хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ Ҷунбиши миллӣ, созмони сиёсии сабтиномнашуда дар Тоҷикистон, эълон кард, Раҳматилло Зоиров номзади онҳо дар интихобот аст ва аз ҳамаи созмонҳову ҳарактаҳои сиёсӣ хост, то ӯро дастгирӣ намоянд.