Нахустин пирӯзии Мунтахаби наврасони тоҷик дар “Ҷоми Каспий”
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии сеюмашон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” дар Боку бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳар ду голро дар ин дидор ҳамлагари дастаи наврасони Тоҷикистон, Рустам Толибов ба ҳадаф расонид.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо мақоми аввалро касб кардаанд, барои ба даст овардани “Ҷоми Каспий” рақобатро идома медиҳанд. Дастаҳое, ки зинаҳои дуюмро ихтиёр кардаанд, барои ҷойҳои 5-ум ва 8-ум мубориза мебаранд ва инчунин дастаҳои дар зинаҳои охирини гурӯҳҳо қарор доранд барои ҷойҳои 9-ум ва 12-ум талош хоҳанд кард.
Мусобиқаи мазкур бо ширкати 12 даста дар пойтахти Озарбойҷон идома дорад. Дастаҳо дар чаҳор гурӯҳ қувваозмоӣ намуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷом маҳрум шуд. Футболбозони навраси тоҷик рӯзи 4-уми июн дар бозии охирини худ бо мунтахаби Қирғизистон барои ҷойҳои 9-10-ум талош ба сабқат мебароянд.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби наврасони тоҷик рӯзи 29-уми май дар бозии аввалини мусобиқаи мазкур аз футболбозони навраси Уругвай бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуда буданд ва рӯзи 30-юми май дар бозии дуюмашон аз тими наврасони Ҷопон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи қувваозмои барои гирифтани “Ҷоми Каспий” маҳрум шуда буд.