Тайи 20 соли истиқлолият таҷрибаи зиёд бардоштем ва то ин ҷо расидем.
Рўзҳои талху ширин ва пастиву баландиҳо буданд, ки мардуми тоҷик бояд аз онҳо барои худ таҷриба бардорад. Ин нуктаро раҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт. Сўҳроб Шарипов гуфт, бояд аз ҳаводисе, ки дар ҷаҳони муосир ба вуқўъ мепайвандад, ибрат бигирем, ба онҳо нигариста ба иштибоҳ роҳ надиҳем.Номбурда афзуд: «Мо бояд ба системаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятие, ки то имрўз буданд, алвидоъ гўем, алвидоъ шўравӣ гўем. Умуман, бояд принсипҳои рушди давлатро, ки тибқи принсипҳои советӣ ҷараён мегирад, фаромўш намоем. Ба ҷаҳони имрўз бод иди нав бояд назар намоем», афзуд Сўҳроб Шарипов.
Аммо стратеги рақами як дар назди президент то ҳол рӯшан накардааст, ки ҷомеаъи имрӯзаи Тоҷикистон дар кадом сохти давлатдорӣ қарор дорад: капиталистӣ ё сотсиалистӣ?{jathumbnail off}