Духтаре дар Хуҷанд худро аз купрук ба Сир андохтааст
Манобеи “Озодагон” аз шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки чанд лаҳза пеш, тақрибан соатҳои 3:05 дақиқа як ҷавонзани тақрибан 23-25 сола худро аз болои купрук ба дарёи Сир андохтааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, фавран ба наҷотдиҳандагон иттилоъ додаанд ва онҳо тавонистаанд, духтарро зинда аз дарё берун кашанд. Гуфта мешавад, ин духтар баъди ҷанҷол бо дӯстписараш қасди худкушӣ намудааст. Дар шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд гуфтанд, ки айни ҳол ин духтар ба беморхонаи шаҳрӣ бурда шудааст ва аз ҷузъиёти ҳодиса баъдан хабар дода хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки вилояти Суғд аз рӯи теъдоди худкушиҳо дар Тоҷикистон пешсаф буда, аксари қасд ба ҷони худ дар ин минтақа сурат мегирад.