Таҷлили 70-солагии дивизияи 201-ум дар маркази Душанбе
Имрӯз, 1-уми июн дар Тоҷикистон, 70 солагии таъсиси дивизияи 201-ум таҷлил мегардад.
Дар таҷлили 70-солагии дивизия дар майдони 800-солагии Маскави шаҳри Душанбе ҳайати фармондеҳини Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла вазири мудофиаи тоҷик, Шералӣ Хайруллоев ширкат доштанд. Пеши низомиён намояндагони санъати ду кишвар, аз ҷумла ансанбли "Песни и пляски"-и Русия баромад карданд.
Дивизияи 201 моҳи майи соли 1943 таъсис ёфта, Ҷанги бузурги ватанӣ, ҷанг дар Афғонистон ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз сар гузарондааст. Дар соли 2004-ум дар асоси дивизияи 201-ум, пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон созмон ёфт ва айни ҳол бо ҳудуди 7 ҳазор низомӣ калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар хориҷи он маҳсуб меёбад.