Масъуди зиндаёд аз дурбини Озодагон (АКС)
Хилватшоҳи МАҲМУДАҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва Шери Панҷшер расо 11 сол қабл аз ин бар асари як амали ноҷавонмардонаи террористӣ ба ҳалокат расид, вале шӯҳрати ӯ, қиссаҳои мардонагии ӯ умри кӯтоҳашро бардавом кардаанд.
Шаҳри Бозорак, зодгоҳи Масъуди шаҳид дар дараи Панҷшер (ӯ дар рустои Ҷангалак ба дунё омадааст ва ин деҳа марбути Бозорак аст) ва маҳалҳои ҳамсояи он манотиқе буданд, ки ҳамеша аз Аҳмадшоҳ Масъуд пуштибонӣ мекарданд ва хотироти ӯро то ба имрӯз пос медоранд. Акси Масъуд бо кулоҳи машҳураш ҳоло низ дару тирезаи хонаҳо, макотиб ва мағозаҳоро оро медиҳад ва на танҳо дар Панҷшер, балки дар саросари Афғонистон.
Хабарнигори “Озодагон” чанде қабл аз Афғонистон бо аксҳое, ки дар зодгоҳи Масъуд ва оромгоҳи ӯ гирифтааст, баргашт.