«Симои маҷалла» интихоб шуд: Ҳиҷоб монеа нест (АКС)
Нилуфари КАРИМРӯзи 31-уми май дар бинои маҷмааи «Душанбе плаза»-и пойтахт аз миёни 98 зебосанами иштирокчии озмуни «Симои маҷалла” 10 финалист барои ҷои аввал мубориза бурданд.
Дар озмун, ки ба панҷсолагии маҷаллаи «VIP zone», аввалин маҷаллаи барроқи (глянсевий) Тоҷикистон, бахшида шуд, асосан зебоӣ, рафтор ва гуфтор баҳогузорӣ гардиданд. Дар доираи озмун духтарон бояд акси худро бо чанд ҷумла дар бораи он, ки чаро маҳз онҳо бояд ғолиби озмун бошанд, аз 20 апрел то 15-уми май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷой мекарданд ва тӯли ин муддат, корбарони шабака, сазовори симои маҷалларо интихоб намуданд. Даҳ нафар, ки беш аз ҳама писанди корбарони интернет гардиданд, ба даври ниҳоӣ даъват гаштанд.
Дар миёни даҳ иштирокчии даври ниҳоӣ, як нафар духтари сатрпӯш низ буд, ки Шукрона Мирзоева ном дошта, ба ҳамаи талаботи озмун нигоҳ накарда, тарзи либоси худро иваз накард. Шукрона Мирзоева, донишҷӯи риштаи рӯзноманигорӣ, дар бастагӣ бо ин озмун мегӯяд, «ин чорабинӣ ба ман имкон медиҳад нишон диҳам, ки ҳиҷоб монеи пешрафти ман шуда наметавонад».
Дар натиҷаи баҳогузориҳо Шоира Пулатова ҷои сеюмро гирифта, соҳиби ҷоизаи биринҷии озмун ва ҷавоҳироти нуқрагин аз «Тоҷик Кристал» шуд. Малика Ҳалимова барандаи ҷои дуюм гардида, бо ҷавоҳироти тилло аз кохи «Тоҷик Кристал» мазкур қадрдонӣ шуд.
Бо интихоби ҳакамон, ғолиби озмуни «Симои маҷалла» Муҳайё Рустамзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардид. Номбурда аз ширкати «ААА-Тур» соҳиби роҳхат барои ду нафар ба шаҳри Анталияи Туркия гардид.
Дар баробари се барандаи ҷоиза, зебосанамони дигари даври ниҳоӣ, Фируза Ҳасанова, Мадина Ғафурова, Нилуфари Азиз, Фарзона Муқаиршоева, Фирӯза Умарова, Шукрона Мирзоева, Манижа Назарова ҳамагӣ ғолиби озмун арзёбӣ шуданд.