Пуштибонии Бонки миллӣ аз иқдоми ширкатҳои мобилӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия иқдоми ширкатҳои мобилии кишварро, ки сар аз имрӯз, 1 июн, нархгузории хизматрасонии худро бо пули миллӣ анҷом хоҳанд дод, қобили дастгирӣ гуфт.
Ба иттилои Бонки миллӣ ин тасмими ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузорӣ гирифта шудааст, ки қонунан дар қаламрави ҷумҳурӣ нишон додани тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бо асъори хориҷӣ ё воҳидҳои шартӣ қатъиян мамнуъ буда, бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёбанд:
“Ин қадам яке аз чораҳои навбатие мебошад, ки дар маҷмуъ барои таъмин намудани мақоми истисноии пули миллӣ дар ҷомеъа равона шудааст. Алҳол пас аз гузариши пурра ба истифодаи пули миллӣ дар низоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ, чорабиниҳои ба иҷрои Ҳаҷ алоқаманд татбиқи иқдоми мазкур тадриҷан дар соҳаҳои дигари иқтисодиёт ба инобат гирифта шудааст.”
Бонки миллӣ мегӯяд, ин иқдом аз як тараф ба фоидаи муштариёни алоқаи мобилии Тоҷикистон аст: “Барои муштариён бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва бақияи маблағҳо таъсири тағийрёбии қурби асъорро аз байн бурда, ба соддатар шудани муҳосибаи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мусоидат менамояд.”
Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя кунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд.
Ин дар ҳолест, ки баъди ба пули миллӣ гузаштани нархгузориҳои ширкатҳои мобилӣ арзиши тамосҳои телефонӣ дар кишвар то 25 дарсад боло меравад.