“Форс” аз поёни афсонаи телевизиони форсизабонон хабар дод
“Форс”, хабаргузории нимарасмии Эрон, рӯзи 31-уми май навишт, телевизиони муштараки форсизабонон бо гузашти 7 сол ва харҷу хароҷоти фаровон ба далели муносиботи ғайрикасбӣ дар тарҳу иҷрои он, ҳамчунон хомӯши беҳаракат аст ва ҳатто дар ҳоли фаромӯшист.
Ба навиштаи “Форс”, тарҳи нопухтаи телевизиони муштараки форсизабонон, ки дар соли 2006 аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон матраҳ ва мавриди пазириши раисони ҷумҳури Тоҷикистону Афғонистон қарор гирифт, бо гузашти қариб 7 сол ҳамчунон хомӯш мондааст.
Бар асоси ин тарҳ қарор буд Эрон имконоти моддӣ ва Тоҷикистон фазои мавриди ниёзи онро дар ихтиёр қарор диҳад. “Форс” менависад, аз сабаби он ки мухолифатҳои арзишию-сиёсии ин кишварҳо дар тарҳи телевизион мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифта шуд, ин ташаббус ҷуз ба ҳадар додани вақту энержӣ ва муҳимтар аз ҳама буҷаву сармояи Эрон чизеро ба армуғон наовардааст.
"Ҳафт сол аст, ки аз имзои созишномаи телевизиони муштараки форсизабонон мегузарад, аммо таҷҳизоти гаронқимате, ки тавассути сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз Олмон харидорӣ шуд, ҳамчунон пушти дарҳои гумруки Душанбе пойтахти Тоҷикистон хок мехӯрад. Таҷҳизоте, ки ба қавли бархе расонаҳо беш аз 2 миллион евро барои хариди он ҳазина шуда ва тааҷҷубовараш онки гумруки Тоҷикистон барои раҳо кардани таҷҳизоти ин тарҳи муштарак тақозои 400 ҳазор доллар пардохтҳои гумрукиро кардааст",-менависад "Форс".
Манбаъ мегӯяд, ниҳоят теливизиони муштараки форсизабонон аз сабаби он ки аҳдоф, имкониятҳо, хароҷот ва паҳлӯҳои дигари он, дурусту дақиқ баррасӣ нашуданд, барои Эрон ҷуз хароҷоти моливу маънавӣ дар тӯли ин солиён чизи дигаре ба бор наовардааст.