Нахуствазир ташаббускорони тазоҳуротро душмани қирғизҳо номид
Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, ташаббускорони тазоҳуроти Ҷети-Оғузро душмани мардуми қирғиз хонд.
Ин нуктаҳоро Сотиболдиев зимни нишасти хабарие, ки рӯзи 31-уми май дар Бишкек дар робита ба вазъи ширкати кони тилои “Қумтор” баргузор гардид, иброз намудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, то соати 14:45-и зуҳри 31-уми май тақрибан ба беш аз 55 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст, ки аз ин нишондод 13 нафарашон кормандони мақомоти пулис мебошанд.
Инчунин, 4 тани дигар ба хотири ҷароҳати вазнини бардоштаашон аз тирҳои резинӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, то ҳол дар натиҷаи ин тазоҳурот касе ба ҳалокат нарасидааст.
Ин дар ҳолест, ки сокинони Исиқ-кӯл аз он дар ташвишанд, ки ин тазоҳурот боиси ба харобазор табдил ёфтани макони сайёҳии Исиқ-кӯл мешавад. Ба гуфтаи онҳо бештари соҳибкорони миёна барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа аз бонкҳо қарз гирифтаанд ва дар сурати вайрон шудани ин минтақа онҳо наметавонанд қарзи худро бозпас диҳанд.