Эрон, Сурия, Куба... Эълони номи кишварҳои ҳомии терроризм
Эрон, Судон, Сурия ва Куба дар феҳрасти кишварҳои пуштибон аз терроризм боқӣ мондаанд. Ин рӯйхатро Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико интишор кардааст.
Дар гузориши департамент гуфта мешавад, ки фаъолнокии террористии Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” ба ҳадде расида, ки аз соли 1990 ба ин сӯ мушоҳида нашуда буд. “Садои Амрико” бо такя ба ин гузориш хабар дода, ки дар соли 2012 нақши бахшҳои «Ал қоида» дар Покистон ва Яман камранг шуд.
“Ҳукумати Сомалӣ бошад, бо кӯмаки миссияи Иттиҳоди Африқо шаҳрҳои бузурги ин кишварро аз ҷангиёни «Ал-Шабоб» пок кард. Аммо вазъи бӯҳронӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мубориза бо терроризмро душвор кард. Чун интиқол ва дарёфти маболиғ душвор шуд, баъзе афроди наздик ба «Ал қоида» ба одамрабоӣ даст заданд, то бар ивази онҳо аз пайвандон пул рӯёнанд”,-таъкид шудааст дар гузориш.
Дар идома омадааст, «маҳви роҳбари «Ал-Қоида» ба он оварда расонд, ки гуруҳҳои ба ин шабака пайванд нисбатан мустақил шуданд. Онҳо бештар пайи амалисозии мақсадҳои худ буда, ҳадафро низ худ интихоб мекунанд.»
Дар соли сипаришуда 55 дарсади амалиёти террористӣ дар кишварҳои Покистон, Ироқ ва Афғонистон анҷом шуда, 62 фисади қурбониён ва 65 фоизи захмиён ҳам дар ин се кишвар ба қайд расидааст.