Бозори «Шоҳмансур» тағйири шеваи фаъолият мекунад
Дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт фурӯши маҳсулоти саноатӣ қатъ мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Шавкат Сайидов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ дод, шаҳрдорӣ ҷиҳати аз рўи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти мўътадили бозорҳои коммуналии шаҳр, ки ба фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, бо мақсади таъсир расонидан дар нигоҳдории нархи маҳсулоти ниёзи аввал, зиёд намудани нуқтаҳои фурўши маҳсулоти кишварзию агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ба қарори дахлдори райиси шаҳри Душанбе нисбати ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии бозорҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 1 июли соли 2011 тағйирот ворид намуд.
Манбаъ афзуд, тибки тағйироти мазкур корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» аз 15 июли соли 2011 танҳо ба фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ихтисос дода мешавад.
Вобаста ба татбиқи ин муқаррарот муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе С. Сафаров бо раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки барои фавран аз байн бурдани фурўши маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозори мазкур чораҳои дахлдор андешанд.{jathumbnail off}