Ҳушдори нави Онишенко аз домана миёни муҳоҷирони тоҷик
Ростпотребнадзор, ниҳоди зертобеи Генадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия бо пахши як изҳорот аз ифшои бемории домана (тиф) дар миёни муҳоҷирони тоҷику узбак дар Перм ҳушдор додааст.
Ба иттилои ин ниҳод миёни муҳоҷирини кории Тоҷикистону Узбакистон, ки дар бозори “Заостровка”-и Перм кор кардаанд, ҳолатҳои зуҳури домана ошкор шудаанд ва ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки чун муҳоҷирон дар бозор кор кардаанд, эҳтимоли тавассути маҳсулот паҳн гаштани беморӣ вуҷуд дорад.
Сарчашмаи сар задани беморӣ оби чоҳ арзёбӣ мешавад, ки муҳоҷирон аз он истеъмол мекардаанд. Роспотребнадзор қарор кардааст, ки бозорча ҳам аз 1 то 3-юми июн барои санҷиш баста шавад.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия айни ҳол бо нишонаҳои домана 7 муҳоҷир бистарӣ шуда, дар се ҳолат ин беморӣ аллакай тасдиқ ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон табибони рус дар мусофирони ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон ба шаҳри Ростови лаби Дон парвоз карда буд, гӯиё нишонаҳои бемории халера ё худ ваборо ёфта, тайёраро ҳамроҳ бо 150 мусофир ба карантин фиристоданд. Вале баъдан маълум шуд, ки ин гумони табибон ғалат будааст ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ “карантин”-и 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавопаймои Хуҷанд-Ростовро “таҳқир”-е беш надониста буд, дар ин замина номаи эътирозӣ ё нотаи худро ба Вазорати умури хориҷии Русия таслим карда буд.
Инчунин ахиран Онишенко аз мувофиқ набудани қаторҳои тоҷик ба меъёрҳои санитарӣ нигаронӣ карда буд. Аммо дар Тоҷикистон аксари изҳороти Онишенкоро дорои тобиши сиёсӣ арзёбӣ мекунанд, ки барои ҳосил кардани ғаразҳои сиёсии Русия равона шудаанд.
Ахиран Суҳроб Шарипов, вакили парлумони тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки ба изҳороти Онишенко омода бошанд ва саривақт аксуламал нишон диҳанд.