Муовини муфтӣ дар намози ҷумъа: “Фарзандҳоятонро баргардонед!”
Муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа аз сокинон хост, фарзандони худро аз мадрасаҳои динии хориҷӣ бозпас оранд.
Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе, аз намозогузорон даъват кард, фарзандони худро, ки дар хориҷа ба таълимоти динӣ машғуланд, баргардонанд.
Домулло Сайид Акбар, ки дар намози ҷумъаи рӯзи 31-уми май дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, “аз падару модарон ва бародарон хоҳиш карда мешавад, фарзандони худро, ки ба таври ғайрирасмӣ барои таҳсили динӣ ба хориҷа рафтаанд, баргардонда, тибқи дастуроти сарвари давлат ба таври расмӣ онҳоро равон кунанд.”
Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ақидаву рафтор ва амалҳои ин ҷавонон ақидаҳои ғайриисломӣ ҷорӣ карда мешавад, ки барои волидайнашон оқибати нохубе хоҳад дошт: “Имрӯз равияҳои тундраве ба миён омадааст, ки дунболи аз роҳ баровардани ҷавонони мову Шумо мебошанд.”
Ба гуфтаи Сайид Акбар ҳоло аз 1800 нафар аз ҷавонони тоҷик, ки бидуни иҷозаи расмӣ барои гирифтани маълумоти динӣ ба кишварҳои хориҷ рафтаанд, 1 600 тани онҳо баргардонида шудааст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ, ҳангоми мулоқоташ бо ҷавонон таъкид карда буд. Мақомот мегӯянд, онҳое, ки барои таҳсил ба мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ мераванд, аввал бояд Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда ва баъдан бо ризояти Вазорати маориф ва Кумитаи умури дин бираванд.
Дар акс: Домулло Сайид Акбар, муовини имомхатиби масҷиди марказии Душанбе (Нафари дувум аз тарафи чап)