2,1 миллион $-и Русия барои “наҷот”-и модарону кӯдакони тоҷик
Русия барои таъмини ғизои модарону кӯдакон дар Тоҷикистон 2,1 миллион доллар ҷудо кардааст.
Бар асоси иттилои хадамоти матбуоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон ин ёрии башардӯстона дар доираи лоиҳаи бунёди ЮНИСЕФ – “Норасоии ғизои модарону кӯдакон” ҷудо гардида, мақомоти Русия ҷонибдори ҳарчи зудтар амалӣ гардидани ин барнома будааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин маврид Маскаву Душанбе таҷрибаи ҳамкорӣ дошта, дар соли сипаришуда ҳукумати Русия тавассути барномаи ЮНИСЕФ 1 миллион доллар барои роҳандозии барномаи эмкунии аҳолии Тоҷикистон ҷудо карда буд.
Маблағгузорӣ ва дастгирии техникиву коршиносии Русия дар доираи барномаҳои ЮНИСЕФ ба хотири коҳиши марги модару кӯдак арзёбӣ гардидааст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ин амали Маскав гоми дигаре барои устувор намудани ҳамкорӣ бо шарики стратегиаш мебошад.