“Маскав бояд шаҳри русҳо боқӣ монад, на аз тоҷикҳо ё узбакҳо”
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, муҳоҷирон бояд коргари мавсимӣ бошанд. “Маскав бояд шаҳри русҳо боқӣ монад, на аз тоҷикҳо ё узбакҳо”,-гуфтааст вай.
«Одамоне, ки бо русӣ хеле бад суҳбат мекунанд ва фарҳанги тамоман дигар доранд, беҳтар аст дар кишвари худ зиндагӣ кунанд. Мо мутобиқшавии онҳоро ба Маскав қабул надорем. Муҳоҷирони кории кишварҳои Осиё бояд дубора ба ватани худ, назди хонаводаҳояшон баргарданд, на дар инҷо муқимӣ шаванд»,-афзудааст Собянин дар суҳбат бо рӯзномаи «Московские новости».
Аммо коршиносон бар инанд, ки талошҳо барои аз муҳоҷирон «тоза» кардани Маскав натиҷаи дилхоҳе нахоҳад дод, чун пойтахти Русия ба фасод ғӯтидааст. Алексей Власов, сарвари кулли маркази сиёсатшиносии «Шимол-Ҷануб»-и Русия ба радиои «Сити-FM» гуфтааст, бештари муҳоҷирони корӣ дар Маскав мавсимӣ ҳастанд, «аммо мавсим шояд мувофиқат накунад. Гап сари моҳҳои махсус нест. Маблағҳои соягӣ хоставу нахоста барои онҳое ки пул кор кардан мехоҳанд, роҳ мекушояд. Аз муҳоҷирон тоза кардани Маскав ҳеч гоҳ натиҷа нахоҳад дод, зеро дар мо коррупсия хеле рушд кардааст. Бояд аввал аз худамон сар кунем».
Рӯзи гузашта расонаҳои русӣ хабар доданд, ки зимни як амалиёти махсуси мақомоти Русия ҳудуди 1000 муҳоҷир дар пойтахти Русия боздошт шудааст. Пулиси Маскав гуфт, амалиёт дар чорчӯби чорабиниҳои «Нелегал-2013» анҷом гирифт. Ҳоло рушан нест, ки дар миёни 952 нафари дастгиршуда, чӣ теъдод шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Зимнан, дар интернет видеое ба сайр баромад, ки издиҳоми бузурги муҳоҷирон, ки дастҳо пушти сар гузоштаанд, дар ҳалқаи кормандони пулис аз кӯча мегузаранд. Ин навор вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.