Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари дастаи “Парвоз” хет-трик шуд
Фарҳод Тоҳиров дар бозии “Парвоз”-“Энегетик” ба дарвозаи ҳарифон се гол ворид намуда, хет-трик кард.
Ин бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ буда, шоми 30-юми май, дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид ва бо ҳисоби 3-2 ба нафъи соҳибони майдон-дастаи “Парвоз” анҷом ёфт. Ду голи меҳмононро Габриэл Донто ва Бахтиёр Чориев ба ҳадаф расониданд. Инчунин Бахтиёр Чориев як имконияти хуби голзаниро аз даст дод. Ӯ тӯбро аз ҷаримаи 11-метра (пиналти) ба дарвозаи ҳарифон ворид карда натавонист.
Феълан дар ҷадвали мусобиқот, дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” бо 21 имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “РегарТадАз”-и Турсунзода ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо 10 итиёзи зинаи сеюмро касб кардаанд.
Имрӯз, 31-уми май, дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи худ бо тими “Хайр”-и Ваҳдат қувваозмоӣ мекунад.
Бозии даври 9-уми дастаҳои “Равшан” – “Вахш” аз 2-юм ба 7-уми июн гузаронида шудааст.
Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 5 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев, Юҷин Сепуйя (ҳарду – “Истиқлол”), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр”), Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”) – 3 тӯбӣ.