Оҷонсӣ 14-солагияшро бо сӯзондани 300 килло мухаддирот таҷлил кард
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон имрӯз, 31-уми май, бахшида ба 14-солагии таъсисёбиаш маъракаи навбатии сӯзонидани маводи нашъадорро баргузор кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, нобудсозии маводи нашъадор дар печи махсуси оҷонсӣ бо иштироки комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ гузаронида шуд.
Ҳаҷми умумии маводи нашъадори сӯзонидашуда 297 кг 437 грамро ташкил додааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ ин миқдор мухаддирот дар доираи 30 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 43 нафар мусодира шуда, судҳо аллакай барои нобуд кардани он ҳукм содир кардаанд.