Роҳҳои пулакии Қазоқистон аз Тоҷикистон 10 баробар арзонтаранд
Сар аз имрӯз, 31-уми май, дар Қазоқистон низ бархе аз шоҳроҳҳо пулакӣ шуданд.
Дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қазоқистон хабар додааст, ки шуруъ аз имрӯз, 31-уми май шоҳроҳи Остона-Шучинск пулакӣ гардид. Ба иттилои манбаъ, ҳаққи пардохти пули роҳ ба мошинҳои сабукраве, ки тариқи ин шоҳроҳ ҳаракат мекунанд, барои ҳар як километр 1 танга (3 дирам), автобусҳо аз 5-то 10 танга(вобаста аз ҷои нишаст) ва мошинҳои боркаш аз 5 то 20 тангаро ташкил медиҳад.
Ронандагони мототсикл, мошинҳои ҳолатҳои фавқулода, ёрии таъҷилӣ, оташнишон, миллитсия ва техникаҳои таъмиркунандаи роҳҳо аз ҳаққи пардохти пули роҳ озод мебошанд. Илова бар ин, мошинҳое, ки дар манотиқи аҳолинишини гирду атрофи ин шоҳроҳ ба қайд гирифта шудаанд, аз пардохти 50%-и пули роҳ озод буда, дар дохили навоҳии худ ройгон метавонанд ҳаракат кунанд.
Вазорати нақлиёт ва коммуникатсиони Қазоқистон изҳор доштааст, ки роҳҳои пулакӣ дар ин кишвар бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. ба гуфтаи ин ниҳод, ҳоло дар беш аз 30 кишвари дунё, Русия, Олмон, Туркия ва Молойзия ингуна роҳҳо вуҷуд дорад.
Дар Тоҷикистон низ тайи се соли охир роҳи Душанбе-Чаноқ пулакӣ гардида, нархҳои ҷорикардаи мақомоти тоҷик дар муқоиса бо Қазоқистон наздики 10 маротиба гаронтар мебошанд. Дар ҳоле, ки маоши миёна дар Қазоқистон нисбати Тоҷикистон 7 маротиба бештар буда, ҳудуди 720 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Баробари ин дар Тоҷикистон давлат ба ширкати IRS, ки идораи роҳи пулакиро ба уҳда дорад, як қатор имтиёзҳо дода, онро аз пардохти аксари намудҳои андоз озод кардааст.