Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз “Ҷоми Каспий” маҳрум шуд
Мунтахаби наврасони то 17 солаи тоҷик оид ба футбол аз тими наврасони Ҷопон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи қувваозмоӣ барои гирифтани “Ҷоми Каспий” маҳрум шуд.
Ин дуюмин дидори футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” буда, шоми 30-юми май, дар яке аз варзишгоҳҳои шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардида бо ҳисоби 3:1 ба нафъи бозигарони ҷопонӣ анҷом ёт. Матсуака, футболбози навраси ҷопонӣ дар дақиқаҳои 10-ум, 29-ум ва 72-юм ба дарвозаи мунтахаби наврасони тоҷик се гол зад. Голи ягонаи тоҷиконро Рустам Толибов дар дақиқаи 76-уми дидор ба ҳадаф расонид.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби наврасони тоҷик рӯзи 39-уми май дар бозии аввалини мусобиқаи мазкур аз футболбозони навраси Уругвай бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуда буданд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо мақоми аввалро касб кардаанд, барои ба даст овардани “Ҷоми Каспий” рақобатро идома медиҳанд. Дастаҳое, ки зинаҳои дуюмро ихтиёр кардаанд, барои ҷойҳои 5-ум ва 8-ум мубориза мебаранд ва инчунин дастаҳои дар зинаҳои охирини гурӯҳҳо қарор доранд, барои ҷойҳои 9-ум ва 12-ум талош хоҳанд кард.