Боздошти ҳудуди 1000 муҳоҷири корӣ аз сӯи пулиси Маскав (ВИДЕО)
Мақомоти пулиси шаҳри Маскав дар пайи як амалиёти махсус ҳудуди ҳазор муҳоҷири кориро боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии Вазорати умури дохилии Русия, рӯзи 29-уми май чорабиниҳои вижаи мавсум ба «Нелегал-2013» дар ҳавзаи шимолуғарбии пойтахти Русия аз тарафи мақомоти пулиси шаҳри Маскав гузаронида шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар рафти ин амалиёт 952 атбои хориҷӣ, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон низ шомиланд, ба хотири муайян кардани ҳуввияти афроди боздоштшуда, эҳтимоли даст доштани онҳо дар ягон аъмоли ҷиноӣ ва ҳам қонунмандии кору иқомати онҳо дар қаламрави Русия боздошт гардидаанд.
Мақомоти пулиси Маскав гуфтаанд, ин муҳоҷирони хориҷӣ, ки атбои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркия маҳсуб меёбанд, дар як сохтмоне ғайриқонунӣ машғул ба кор будаанд. “Айни замон 117 санад алайҳи муҳоҷирони боздоштшуда дар нақзи қавоиди будубош ва вуруд ба қаламрави Русия тартиб дода шудааст”,-гуфтааст манбаъ.