Раҳмон гуфт, бархе мансабдору руҳониён қонуни танзимро нақз мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30 май, зимни маҷлиси ҳукумат аз нақзи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз ҷониби баъзе мансабдорон, соҳибкорон ва ходимони динӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Раисиҷумҳур ин нуктаро баъди шунидани гузориши Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон қайд карда, талаб намудааст, ки дастандаркорон муҷозот шаванд.
Холиқов дар навбати худ аз бурдҳои ин қонун ҳисобот дода, гуфтааст, “тайи 6 соли татбиқ ин қонун ба дигаргунсозии тафаккури иҷтимоию фарҳангӣ ва динии мардум таъсири мусбӣ расонда, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат намуд. Аз сабаби кам шудани хароҷоти тӯю маъракаҳо шумораи тӯйҳои хонадоршавии ҷавонон 2 баробар афзун шуд. Дар ин муддат ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар зиёд шудааст, ки дар ин раванд ҳам нақши қонуни мазкур намоён аст.”
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ дод, дар маҷлиси имрӯзаи ҳукумат инчунин қонун “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона” маъқул дониста шуда, ба баррасии пешниҳод шуд. Ҳамчунин ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур додааст, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва ҳам зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шавад.