Эргашов барои қувваозмоӣ бо Афғонистон бозигаронро интихоб кард
Мубин Эргашов, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба ҳайати даста барои бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Афғонистон 23- бозигар аз ҷумла 3- дарвозабон, 7- ҳимоятгар, 9- нимҳимоятгар ва 4- ҳамлагарро шомил намуд.
Ин бозӣ 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад.
Дар ин феҳрист, 9 бозигар аз дастаи “Истиқлол”, 5 бозигар аз дастаи “Равшан”, 4 бозигари аз дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” ва як бозигар аз дастаи “Хайр”шомил шудаанд, ки рӯзи шанбе, 1-уми июн барои тамрин ба Қӯрғонтеппа сафар хоҳанд кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи миллии Афғонистон дар ҳайати зер ба сабқат мебарояд.
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Рустам Ризоев (“Равшан”), Абдуазиз Маҳкамов (“Хуҷанд”);
Ҳимоятгарон: Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов (ҳарду - “Равшан”), Соҳиб Саванқулов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳама - “Истиклол”), Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Аҳмедов (ҳарду - “Худжанд”);
Нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев (“Равшан”), Хуршед Маҳмудов, Расул Пайзов (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Маҳмадали Садиқов (“Хуҷанд”), Ибрагим Рабимов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳама – “Истиклол”), Ҷамшед Исмоилов (“Хайр”);
Ҳамлагарон: Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашов (“Истиқлол”), Давронҷон Тухтасунов (“Равшан”).