Дар моҳи июн ба низомиёни пойгоҳи 201 хона медиҳанд
Масъулини Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мегӯянд, охирҳои моҳи июн ба кормандони пойгоҳ хонаҳои нав тақдим хоҳанд кард.
Ба иттилои масъулини пойгоҳ айни ҳол корҳои охирини сохтмонӣ ҷиҳати баистифодадиҳии бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ дар ҳоли анҷомёбианд. Тавре дафтари матбуоти Пойгоҳи 201 иттилоъ медиҳад, ин бинои истиқоматӣ дорои 60 ҳуҷра буда, аз 22 хуҷраи якутоқа ва аз 38 хуҷраи 3 утоқа иборат аст. Масоҳати хуҷраҳои истиқоатӣ мутаносибан аз 40 то 65 метри квадратӣ мебошанд.
Бинои истиқоматӣ бо назардошти ҳолатҳои сейсмологии минтақа сохта шуда ва дар он истифодаи технологияи каммасрафи энергияи барқ роҳандозӣ гардидааст. Гуфта мешавад ҳуҷраҳо бо мебел ва дигар васоили рӯзгор муҷаҳҳаз ва бо шабакаи моҳвораӣ пайваст карда мешавад.