Муттаҳам ба ғорати толибаи синфи 1 дастгир шуд
Мақомоти пулиси ноҳияи Ҷиликул як ҷавонзан - сокини Данғараро бо иттиҳоми дуздии гушворҳои ноболиғ дастгир кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони пулиси ноҳияи Ҷиликул муайян кардаанд, ки шаҳрванд Бобоалиева Миҷгона Тоировна соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Данғара, рӯзи 11.04.с.2013, тахминан соати 11:00-дақиқа, дар роҳи марказии ноҳияи Ҷиликул, аз гӯшҳои хурдсол Шомаҳмадова Дилноза Сафаралиевна соли таваллудаш 2004, сокини деҳаи Куйбишеви ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 1-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1, як ҷуфт гушвораҳои тиллоиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол Бобоалиева Миҷгона Тоировна дастгир шуда, ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.