Эшони Нуриддин мегӯяд, “бо пули ҳалол ба зиёрати Ҳаҷ равед”
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, бо пули ҳаром рафтан ба зиёрати Хонаи Худоро ба нафъи кор надонистааст.
Эшони Нуриддин дар ин бора дар посух ба суоли яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо -- turajon.org изҳори назар кардааст. Ӯ гуфта, ки “уламои ҷаҳони Ислом дар ин бора ихтилофи назар доранд. Ҷумҳури уламо бар инанд, ки касе бо моли ҳаром Ҳаҷ кунад фарзияти он аз гарданаш соқит мешавад. Вале ба хотири бо моли ҳаром адои ҳаҷ карданаш гунаҳкор аст ва савобе намегирад.”
Аммо ин рӯҳонии тоҷик таъкид кардааст, бо пули ҳаром рафтан ба Ҳаҷ назди имом Аҳмад дуруст намебошад ва фарзияти он ҳам аз гардани ӯ соқит намешавад. Бинобар ин, аз тамоми мусалмонони кишвар хоҳиш кардааст, то кушиш кунад, ки ин ибодати бузургро бо пули ҳалол анҷом диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи умури дини Тоҷикистон нархномаи Ҳаҷ-2013-ро муайян ва эълом кард. Бино ба ҳисоби ин ниҳоди расмӣ харҷи сафари Ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад. Кумитаи дин дар торнамои худ ин нархномаро шарҳ додаву навиштааст, “Ҳаҷ-2013 бизнес нест”, балки нархи он ба болоравии қимати роҳкиро бастагӣ дорад.