Ҳаракат тавассути Хобурубот ба Бадахшон аввали июн барқарор мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ҳаракати нақлиёт ба Бадахшон тавассути ағбаи Хобурубот аввали моҳи июн барқарор мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ахиран бо дастури Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ ҷиҳати барқарор намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Лабиҷар- Тавилдара-Қалъаихум (тавассути ағбаи Хобурубот) ба навоҳии вилояти Бадахшон сафар намуданд:
“Ҳангоми муоинаи роҳу пулҳо ва иншооти дигари роҳдорӣ баъзе нуқсонҳо ошкор гардида, ба мутасаддиён дастур дода шудааст, ки ҳама камбудиҳоро то охири моҳи май ислоҳ намуоянд ва аз омода будани роҳ ва оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ағбаи Хобурубот маълумот диҳанд.”
Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, баъди пурра омода кардани роҳ ва ағба ҳаракати нақлиётҳо тавассути ағбаи Хобурубот аввали моҳи июн ба роҳ монда шавад.