Маҳал –> деҳа –> авлод –> боигарӣ... ва баъд дониш. То кай?
Баъзан матолиби нашрияҳову торнамоҳои тоҷикиро мехонему бӯи маҳалгароӣ сахт ба машомамон мерасад. Зоҳиран, ҳанӯз дар кишвари мо баҳси хуҷандию ғармию кӯлобию бадахшӣ ба поён нарасидааст.
Дар ҳоле ки ҳоло аксари миллатҳо талош бар он доранд, тамоми маҳалҳояшонро муттаҳид намудаву миллаташонро аз ҳар гуна хатар ва пешомадҳои бад нигаҳ доранд. Мо, тоҷикон, ҳанӯз якдигарро бегона мепиндорему даъвои онро дорем, ки дар тақдири давлатамон кадом як минтақаи кишвар гунаҳкор аст.
Бояд иқрор шуд, маҳалгароӣ як падидаи номатлубест, ки маънои дӯст доштани Ватанро надорад. Касе фақат маҳалли худро дӯст медораду онро аз ҳар маҳалли дигар боло мегузорад, ба ҳеч ваҷҳ Ватанро дӯст дошта наметавонад. Мутаассифона, ин эҳсос ва андеша дар миёни тоҷикон васеъ паҳн шудааст.
Дар гузаштаи начандон дур тоҷикони шимоли кишвар, тоҷикони ҷануб ва ҳамин тавр тоҷикони шарқи кишвар, зери тобеи ҳар бекигариву хонигарӣ ва аморате алоҳида арзи ҳастӣ мекарданд ва онҳоро тақрибан чизе муттаҳид намекард. Бо вуҷуди он ки мо имрӯз зери парчами давлати мустақил зиндагӣ мекунем, якдигарро то ҳол бегона меҳисобем ва то як дараҷа боварӣ намекунем. Ин аст, ки касе сари ҳукумат, вилоят, ноҳия ё умуман чӣ соҳае наояд, «худиҳоро» дар гирдаш ҷамъ мекунад ва ҳаимн тавр «хавфи танҳоиро» бартараф менамояд.
Дар кишвар қонуне ба мисли манъи фаъолияти хешу таборҳо дар як идора роҳандозӣ шудааст, аммо кам ба назар мерасад, ки ин меъёри қонунгузорӣ ба назар гирифта шавад. Айни ҳол падидаи маҳалгароие, ки мебинем, дар сатҳи давлатӣ васеъ паҳн шудааст ва вазифаҳо гӯиё аз рӯи маҳал тақсим карда мешаванд, як падидаи маъмулӣ аст ва бояд дар таҷрибаи давлатдорӣ, мо онро паси сар намоем.
Аз таҷрибаи асримиёнагии давлатдории Рус чунин бармеояд, ки онҳо ин марҳиларо кайҳо паси сар кардаанд. Пештар дар давлати Рус вазифаҳои давлатӣ аз рӯи мансубияти маҳал –> деҳа –> авлод –> мақоми хешовандӣ -> боигарӣ -> дониш (дар навбати охир) тақсим карда мешуданд. Русҳо ин намуди маҳалгароии идоракуниро аз Лаҳистон кӯркӯрона пайравӣ намуданд. Ва бо гузашти вақт дарк намуданд, ки ин ба нестии давлат бурда мерасонад ва ниҳоят соли 1682 бо қарори махсус идоракунӣ ва интихоби давлатмардон аз тариқи маҳал хотима дода шуд.
Шояд бо гузашти 20 сол аз соҳибдавлатии тоҷикон оҳиста оҳиста ин раванд низ хотима ёбад ва ба маҳалгароӣ миёни тоҷикон хотима бубахшад, ки ҳамаи онҳо на барои як маҳаллу авлоди худ, балки барои ҳашт миллион сокини Ватанашон хидмат кунанд.
Сиёвуш НАБОТОВ, аспиранти риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи кооперативии шаҳри Новосибирски Русия;
Замониддин НАСРИДДИНОВ, аспиранти Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия