Дастури Убайдуллоев барои гузарондани амалиёти «Кӯкнор-2013»
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, ки дар пойтахт барои нест кардани растаниҳои худрӯйи нашъадор ва тақвияти мубориза бо фурӯши мухаддирот аз ҳозир то 30 ноябри соли 2013 амалиёти «Кӯкнор-2013» гузаронида шавад.
Убайдуллоев ба раёсатҳои ниҳодҳои қудратӣ дар Душанбе дастур додааст, ки то 30 майи соли 2013 гуруҳҳои опперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди Душанбе таъсис диҳанд ва барои назорату ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳо Ситоди кории шаҳрӣ созмон дода шавад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ ин ситод бояд ҳар моҳ ҷаласа доир карда, аз натиҷаи амалиёт ба омма ва мақомоти дахлдор иттилоъ диҳад.