Узбакистон бозигар мешавад
Кишвари Узбакистон ба далели мухолифтаи давомдор бо тарҳҳои нави ҳамгароӣ ва нигариши муҳтотона ба тамриноти низомии чандҷониба дар қолаби Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД), маъмулан ба унвони яке аз аъзои печида дар созмонҳои байналмилалӣ матраҳ мешавад.
Бо ин вуҷуд далели аслии бемайлии Узбакистон барои амал кардан ба ӯҳдадориҳои худ ба паймонҳои байналмилалӣ ва минтақаиро метавон аз ин дидгоҳ шарҳ дод:
- Аввал тамоюли Узбакистон ба ҳалли мушкилоти обу энержӣ ва ихтилофоти марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя танҳо бар асоси манофеи худ, ки дар чорчуби Иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақаӣ коре душвору амалан ғайримумкин аст.
Дувум, механизми раҳбарии Узбакистон бар ҳифзи асли адами дахолати созмонҳои минтақаиву байналмилалӣ дар фарояндҳои сиёсии худ, ки дар тазод бо ӯҳдадориҳои ин кишвар дар чорчуби ҳамкорӣ бо ин сохторҳо мебошад, таҳти таъсири сиёсати хориҷии дугонаи Узбакистон, қарор гирифтани кулли равишҳои ғайриқобили пешбинии ҳукумати Тошкандро нишон медиҳад. Мисоли равшани ин сиёсати дугона дар мавориде назири мухолифати сарсахтона бо истифода аз нерӯҳои СПАД барои мудирият дар бӯҳронҳои амниятӣ дар дохили кишварҳои узв баҳисоб меояд, ки мақомоти Тошканд ҳамвора бо ин усул мухолифат кардаанд.
Севвум, таниши Узбакистон бо кишварҳои узви созмонҳо ва паймонҳои минтақаӣ умдатан ба далели ихтилофоти шахсӣ ва худхоҳии раҳбарияти давлати Тошканд бо ҳамтоёни тоҷику қирғизи худ мебошад, ки муносибати ин 3 ҷумҳурии ҳамсояро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст ва дар натиҷа Узбакистон ба созмонҳои байналмилалӣ танҳо ба унвони як механизми дифоӣ дар баробари таҳдидоти хориҷӣ нигоҳ мекунад, ки бояд манофеи миллии ин кишварро дар назар бигиранд.
Бинобарин дар соли 2002 Узбакистон тасмим гирифт аз созмони ҳамкории Гвам хориҷ шавад, ки як тарҳи ғарбӣ буд ва Тошканд ба шиддат ба амалкарди ин сохтор эътироз дошт, зеро дар солҳои ҳамкории худ бо ин созмон, Узбакистон ҳечгуна суди моливу иқтисодӣ дарёфт накард.
Бо ин ҳол Узбакистон ҳамчунон ба ҳамкорӣ бо ғарб бар асоси созишномаи дуҷониба дар чорчуби тарҳи амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон идома медиҳад, ки ба унвони василаи ба даст овардани суди ҳангуфти молӣ ва ҳамкории низомиву техникӣ барои ин кишвар муассир будааст.
Ба таври ҳамзамон Узбакистон шуруъ ба афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои шанҳай (СҲШ) бахусус Чин кард, ки акнун ба унвони сармоягузори аслӣ дар иқтисоди Узбакистон матраҳ мебошад. Дар Узбакистон ширкатҳои чинӣ бо вуҷуди мушкилоти мутаъаддид барои сармоягузорони хориҷӣ, аз сармоягузорони тарҳҳои бузург мунсариф намешаванд.
Дар ҳамин ҳол Узбакистон барои иштирок дар маҷмаъи иқтисодии авруосиё алоқаи зиёде нишон намедиҳад, зеро аз назари мақомоти Узбакистон ин маҷмаъ таҳти нуфузи Русия қарор дорад, ки худ кишваре вобаста ба содироти нафту газ аст. Русия низ ҳеч алоқае ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Узбакистон нишон намедиҳад ва ин кишварро манбаъи маводи хом медонад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, тасвиби паймони минтақаи озоди тиҷорӣ тавассути Узбакистон бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва шароити пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ баъид ба назар мерасад.
Бо ин ҳол ин воқеият вуҷуд дорад, ки дар сурати вуруди Узбакистон барои иттиҳоди иқтисодии Русия, Қазоқистон ва Беларус, колоҳо ва маҳсулоти тавлидии Узбакистон наметавонад бо колоҳои русӣ рақобат кунад.
Ин шароит барои Узбакистон бисёр сахт хоҳад буд, ки бо мизони бекории 20 дарсадӣ дар дохили кишвар, метавонад омили муҳиме барои эътирозоти умумӣ шавад, ки авоқиби ногуворе хоҳад дошт.
Аз сӯи дигар, Русия дорои манобеи фаровони молӣ ҳамонанди Чин нест, ки битавонад дар иқтисоди бӯҳронзодаи Узбакистон сармоягузорӣ кунад. Зеро захоири арзии хориҷии Чин беш аз 3 триллион доллар аст, вале Русия дар ҳудуди 510 миллиард доллар захираи арзӣ дорад, ки метавонад дар шароити коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз ин манобеъ бо ҳадафи наҷоти иқтисоди худ истифода кунад.
Аз сӯи дигар сиёсати амалии давлати Узбакистон бо ҳадафи ҳифзи истиқлоли сиёсии ин кишвар дар ҳавзаи низомӣ-сиёсӣ қобили мушоҳида аст. Бинобарин Узбакистон мухолифи тағири механизми тасмимгирӣ дар паймони амнияти ҷамъӣ бо ҳифзи асли иҷмоъ буд, зеро эҳсос мекард, ки дар сурати тасвиби пешниҳоди тасмимгирӣ тибқи раъйи аъзо барои истифода аз нерӯҳои вижаи ин паймон ҷиҳати муқобила бо бӯҳронҳои амниятӣ дар кишварҳои узви ин созмони низомӣ, амнияти манофеи ҳукумати ин кишвар бо хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аз нигоҳи Узбакистон ислоҳи ин роҳкор ба маънии бозгузоштани роҳи дахолати низомии СПАД дар умури дохилии кишварҳои узв хоҳад буд, ки барои ҳукумати Тошканд нохушоянд аст.
Дар маҷмуъ Узбакистон бо вуҷуди сиёсати хориҷии дар зоҳир пуртаноқуси худ, ин кишвар мавқеи собити хеш дар тамомии созмонҳову иттиҳодияҳои минтақаӣ дар фазои пасошӯравиро ҳифз кардааст, ки тибқи чунин усулҳост:
- Ин кишвар ҳеч шарики доимӣ надорад ва танҳо ба дунболи манофеи доимии худ аст
- Узбакистон узвияти худ дар созмонҳои минтақаиву байналмилалиро ба унвони механизми муассир барои баҳрабардорӣ аз шароити матлуб ва дифоъ аз манофеи миллии худ мешуморад, ки набояд сабаби тазъифи ҷойгоҳи ин кишвар шавад ва фаротар аз тааҳудоти худ дар қиболи ин созмонҳо бошад.
- Узбакистон ба дунболи афзоиши ҳмкориҳои низомӣ ва техникӣ бо Амрико ва НАТО мебошад, ки қатъан ғарб дар паи аҳдофи геополитикии худ дар ОМ аст ва алоқаманд ба ҳамкории ҷиддӣ бо ҷумҳуриҳои ин минтақа дар замини иқтисодӣ нест.
-Бо ин ҳол Узбакистон дар амалкарди баръаксе ҳамроҳ бо густариши ҳамкории низомӣ ва техникӣ бо Амрико ва НАТО ба мизони мушорикати худ дар тарҳҳои иқтисодии СҲШ меафзояд, ки Чин бо зарфияти қобили таваҷҷуҳи молӣ ба таҳкими мавқеи худ дар ин кишвар мепардозад.
Таҳияи Сиёвуш Қосимзода