Бозор Собир: Аз мадди назари ҳукумат дур набудан бароям бас аст! (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз нуздаҳ соли ғурбати Бозор Собир, ӯро дар Қасри Миллати шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Оқои Раҳмон дар лаҳзаҳои аввали сӯҳбаташ бо Бозор Собир гуфт, борҳо барои баргаштани ӯ паёму дархост фиристода буд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар чанд соли пеш тавассути Талбак Назаров, вазири собиқи умури хориҷӣ, хоста будааст, то ин шоири ғариби тоҷик ба Ватан баргардад. Бозор Собир ҳам дар навбати худ ба президент як китоби шеърашро тақдим карда, барои ин даъват аз ӯ сипсогузорӣ кард.
Бозор Собир пас аз анҷоми сӯҳбати нимсоатааш бо президент Раҳмон, ҳамагӣ чанд дақиқа дар рӯбарӯи хабарнигорон истода, ба суоли онҳо посух гуфт. Вай дар мавриди мӯҳтавои сӯҳбаташ бо президент гуфт, “сӯҳбати мо сӯҳбати ду фарзанди як хонавода ва сӯҳбати дӯстонаву бародарона. Як вохӯрии олиҷаноб доштем. Ман саддарсад аз муҳтарам раисиҷумҳур миннатдорам. Ташаккур, ки суроғи маро гирифт. Мо бегона нестем. Мисли як оила суҳбат кардем.”
Ин шоири тоҷик дар мавриди ин ки оё даъватҳои қаблии раисиҷумҳур то ба ӯ расида буданд ва оё на, гуфт, “қаблан ҳам даъват шуда будам. Вале барои бозгашти ман вазъият хуб набуд. Он даъватҳо дар замоне буданд, ки ҳанӯз барвақт буд. Ман гуфтам, инро барои ягон вақти мувофиқтар монем. Аммо ин дафъа аз тариқи сафири Тоҷикистон дар Амрико даъват шудам. Бевосита сафир ба хонаи ман омад ва масъаларо фаҳмонд. Гуфтам, аз ин кор мамнунам.”
Ӯ дар ҳузури хабарнигорон бори дигар аз раисиҷумҳур барои ин даъват изҳори сипос кард ва афзуд, “ман аз ин кор комилан миннатдорам. Мамнунам, ки аз эътибори ҳукумат берун набудаам. Аз мадди назари ҳукумат дур набудан барои ман бас аст!”
Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо хабарнигорони расонаҳои мустақил сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, дар бораи зиндагии доимиаш дар Тоҷикистон, ҳанӯз тасмими дақиқе нагирифта ва намедонад чанд муддат дар кишвар хоҳад буд.
Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд. Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.