Валиев: Битумро бо талбидан таъмин намудам
Таъмири роҳҳои нақлиётгард дар ноҳияи Восеъ дар қиёс ба манотиқи дигари Кӯлоб беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Бино ба қавли хабарнигори маҳаллии «Озодагон», коргарони муассисаи роҳсозии ноҳия дар ҳудуди корхона сангрезаро бо битум шӯрида, дар ҷодаҳо истифода мекунанд. Вале ба иқрори Султон Валиев, раиси ноҳия, барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба ин муассиса аз аввали сол инҷониб ягон дирам ҷудо нашудааст. «Агар фурсат даст диҳаду маблағ пайдо шавад, ҳатман ба ин корхона маблағи зарурӣ пардохт мекунем. Аммо он чӣ, ки то имрӯз муассиса барои таъмири роҳҳо сарф мекунад, шағалро худи корхона мехараду битумро бошад шахсан бо илтимосу талбидан таъмин намудаам», мегӯяд ҷаноби Валиев.
Дар ҳамин ҳол, Қурбон Ҳикматуллоев, сардори муассисаи мазкур мегӯяд, аз ҷониби вазорати нақлиёт ҳар моҳ ба миқдори 18-ҳазор сомонӣ барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ҷудо мегардад ва як қисмати кучаки онро барои таъмири роҳҳои сатҳи маҳаллидошта низ баъзан истифода мебаранд. Гуфтанист, агар маблағгузорӣ аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ дар мавриди таъмиру барқарорсозии роҳҳо ҳалли мусбии худро наёбад, чанде баъд роҳҳои маҳаллӣ хароб гаштаву таъмири он мушкилу номумкин мегардад. {jathumbnail off}