“Истиқлол” “Хуҷанд”-ро шикаст дод, “Равшан” “РегарТадАз”-ро
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бар тими “РегарТадАЗ”-и Турсунзода пирӯз шуд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ аз “Истиқлол”-и Душанбе шикаст хӯрд.
Дастаҳои “Равшан”-“РегарТадАЗ” дар даври 3-юми мусобиқи қаҳрамонии Тоҷикистонро дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода қувваозмоӣ намуда, бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон-дастаи “Равшан” анҷом ёфт. Голи ягонаи дидорро Мусо Содиқ, бозигари дастаи “Равшан” дар дақиқаи 23-юми сабқат ба ҳадаф расонид.
Бозии даври 9-уми мусобиқот миёни тимҳои “Хуҷанд”-“Истиқлол”, ки аз 2-юми июн ба 29-уми май гузаронида шуда буд, дар “Варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида бо ҳисоби 0:2 ба нафъи меҳмонон-дастаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Голҳоро Виллер Соуза Оливейр дар дақиқаи 78-ум (0:1) ва Ҷаҳонгир Эргашов дар дақиқаи 82-юм (0:2) ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ дар ҷадвали мусобиқот, дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” бо 21 имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “РегарТадАз”-и Турсунзода бо 10 имтиёз зинаи сеюмро касб кардааст.
Бозии даври 9-уми дастаҳои “Равшан” – “Вахш” аз 2-юм ба 7-уми июн гузаронида шудааст.
Дастаҳои “Парвоз”-“Энергетик” рӯзи 30-юми май, дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Бобоҷон Ғафуров ба сабқат мебароянд . Рӯзи 31-уми май, дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи худ бо тими “Хайр”-и Ваҳда қувваозмоӣ мекунад.
Голзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 5 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашов, Юджин Сепӯйя (ҳар ду - “Истиқлол”), Нуъмон Ҳакимов (“Равшан”) ва Ҳусейни Суҳробӣ (“Хайр”) - 3 тӯбӣ задаанд.