Маскав умед дорад, Душанбе қарордоди пойгоҳи 201-ро тасвиб мекунад
Русия умедвор аст, Душанбе дар ояндаи наздик қарордод дар бораи тамдиди будубоши пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро имзо хоҳад кард.
Дар ин бора Юрий Ушаков, муовини раисиҷумҳури Русия, рӯзи 29 май ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Ӯ гуфта, ки ин мавзуъ зимни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Бишкек ба баррасӣ гирифта шуда буд.
Ушаков мегӯяд, “дар он ҷо чанд пешинҳод аз ҷониби Тоҷикистон ироа гардид, ки хусусияти амалӣ дошт ва онҳо баррасӣ хоҳанд гардид.”
Дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ Владимир Путин зери қонун дар мавриди шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон имзо гузошта буд. Ин созишнома моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид.
Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201 аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.
Пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон аз соли 1993 то кунун ҳузур дошта, баъд аз ба имзо расидани ин созишнома аз тарафи ҷонибҳо 30 соли дигар боқӣ хоҳад монд.