“Стугс”, гурӯҳи навозандагони амрикоӣ, барои бори аввал дар Тоҷикистон мусиқии брассро муаррифӣ мекунанд. Брасс мусиқии нафасист, ки дар он элементҳои мусиқии поп ва дигар жанрҳои мусиқӣ дида мешавад.
Чуноне овозхони гурӯҳ Ҷон Паркинс рӯзи 29-уми май ба хабарнигорон гуфт, таҷрибаи онҳо аз сафари аввалини хуб ба Тоҷикистон хуб аст: “Мардум моро бо хушӣ қабул намуданд ва барномаҳои ҳунарӣ дар Панҷакент ва Қумсангир боргузор шуданд.” Гурӯҳ бо ҳунармандони тоҷик шиносоӣ ва ҳамкорӣ надорад, аммо намояндагони он умедворанд тӯли сафари ҳунарии худ ба ин кишвар, бо ҳунармандони тоҷик ошноӣ пайдо намуда, аз мусиқии миллию муосири тоҷик низ баҳра баранд.
Ҷон Паркинс, овозхони гурӯҳ
Ҷон Паркинс инчунин изҳор дошт, “лоиҳа асосан ба аудиторияи Тоҷикистон равона шудааст, аммо дар баробари он, дар дигар мамолики Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Қазоқистон ва Узбакистон низ пешниҳоди хаводорон хохад шуд. Яке аз мақсади асосии мо нишон додани фарҳанги кишвари худ ба дигар давлатҳо мебошад. Ҳамчунин мардум фаҳманд, ки мусиқии «Брасс» чӣ аст ва ба кадом самт равона аст.”
Вай дар идома гуфт, “гуруҳи мо 16 сол мешавад, ки фаъолият дорад. Тӯли 10 сол аст, ки бо мусиқии барасбент месароем ва замоне ки ман шомили ин гурӯҳ шудам, он машҳуртарин иҷрокунандаи ин навъи мусиқӣ буд.”
Гурӯҳ фитаи сабти албоми худ бо номи «Вақт» ва фитаҳои дигарро овардааст, ки миёни ҳаводорон паҳн карда мешаванд. Гурӯҳи «Стугс» 30-юми май (соати 18:00) дар бинои «Вефа сентр»-и Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро хоҳад кард, ки даромадан ба он озод аст.