Ёдбуди синамогарони гузаштаи тоҷик
Синамогарони Тоҷикистон рӯзи 31-уми май аз устодону ҳамкасбони фавтидаашон ёд мекунанд.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 31-уми май синамогарону ҳаводорони синамои тоҷик ба гӯристони «Лучоб» ва «Сари Осиё» рафта, оромгоҳи абармардони кинои тоҷикро зиёрат мекунанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар «Хонаи синамо»-и пойтахт филми ҳуҷҷатии «Мо дар ёд дорем» намоиш дода мешавад.