Академияи исломии Ҳизби наҳзат фаъолияташро қатъ кард
Фаъолияти Академияи исломии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар пайи номаи Вазорати адлияи Тоҷикистон муваққатан қатъ гардидааст.
Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи исломии ҲНИТ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҷаласаи навбатии Раёсати олии ҳизб фаъолияти академия муваққатан қатъ гардида, бахши суолу ҷавоб низ аз торнамои nahzat.tj бардошта шудааст.
Ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, тақдири минбаъдаи Академияи исломии ҲНИТ дар ҷаласаи ояндаи Раёсати олии ин ҳизб муайян хоҳад гардид.
Ёдрас менамоем, Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан бо ирсоли як нома ба унвони ҲНИТ хостори бастани Академияи исломии ин ҳизб шуда буд. Зеро ба гуфтаи ин ниҳод, ҳизби сиёсӣ ҳаққи доштани академияи исломиро надорад.
Академияи исломӣ ё Маҷмаи уламои ҲНИТ се сол қабл таъсис ёфта, пайваста доир ба вазъи ислом ва масоили муҳими динӣ изҳори назар мекард. Дар торнамои Наҳзат.тҷ низ ин академия як гӯшаи вижаи суолуҷавоб боз карда буд, ки дар он мардум метавонистанд суолҳои худ дар масоили фиқҳиро матраҳ кунанд ва аз масъулони Академияи исломии ҳизб посух бигиранд.
Дар акс: Зубайдуллоҳи Розиқ