Вазорат дар Донишгоҳи омӯзгорӣ камбудҳоро ошкор кардааст
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Вазорати маорифи Тоҷикистон вазъи ҳуҷҷатнигорӣ, раванди таълим, сатҳи донишазхудкунӣ, имконоти технологӣ ва самтҳои дигари фаъолияти 5-солаи Донишгоҳи омӯзгориро санҷида, дар баъзе бахшҳо ин муассисаро “намунаи ибрат” хондааст.
Р.Саидов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф рӯзи 28-уми май, зимни ҷамъбасти санҷиш дар ҳузури хонандагону устодон ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъбаи кадрҳо баҳои баланд дода, изҳор намудааст, ки дар ягон муассисаи таълимӣ ин гуна тартибу низоми ҳуҷҷатдорӣ мушоҳида нашудааст.
Баробари ин Саидов таъкид кардааст, ки дар рафти санҷиш дар радифи муваффақиятҳо, хамчунин, як қатор камбудиҳо низ ошкор шуда, ки ислоҳи саривақтии онҳо амри ногузир мебошад: “Масалан, фоизи омӯзгорони унвондор ба меъёрҳои муайяншуда мутобиқ нест. Ҳамзамон, баъзе факултаю кафедраҳоро устодони беунвон роҳбарӣ менамоянд, ки ин низ бар хилофи санадҳои дахлдор мебошад. Тӯли 5 сол бештар аз 100 нафар шуъбаи аспирантураи донишгоҳро ба итмом расонидаанд, вале аз ин шумора ҳамагӣ 14 нафар дар вақти муқарраршуда рисолаҳои илмиашонро дифоъ намудаанд. Дар масъалаи дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет бошад, мебояд гуфт, ки на дар ҳама синфхонаҳои компютерӣ имконпазир мебошад.”
Ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов дар посух ба эродҳои ҳайати комиссия зикр кард, ки воқеан ҳам, қисмате аз камбудиҳои гуфташуда вуҷуд доранд, аммо барои рафъашон корҳо идома доранд: “Масалан, алъон, ҳар нафар аспирант дар ҳар семоҳа аз аттестатсия гузаронида мешавад ва барои ҳимояаш муҳлат муайян шудааст. Дар бобати дастрасӣ ба интернет таъкид намудан ба маврид аст, дар ҳама синфхонаҳои компютерӣ ва кулли факултаю кафедраҳо интернет дастрас мебошад ва дар ин ҷода мушкиле вуҷуд надорад.”
Раҳмонов ваъда додааст, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои ошкоршуда нақшаи чорабиниҳо тартиб дода хоҳад шуд.