Нозирони хориҷӣ пойгоҳи 201-умро санҷиданд (АКС)
Як гуруҳи нозирон аз Латвия ва Эстония барои санҷишу назорати пойгоҳи низомии 201-уми Русия барои се рӯз ба Тоҷикистон омадаанд.
Тавре хадамоти матбуоти пойгоҳи 201-ум иттилоъ медиҳад, ин санҷиш дар доираи созишномаи Вена, “Оиди чораҳо барои мустаҳкам кардани амнияту боварии тарафайн” сурат гирифта, ҳайати нозиронро намояндагон аз фармондеҳии қувваҳои хушкигарди Русия ва шуъбаи коҳиши аслиҳот ҳамроҳӣ мекунанд.
Подполковник Тоомас Болтовски, раҳбари гуруҳи нозирон, баъди шинидани гузориши Сергей Рюмшин, фармондеҳи пойгоҳ ва гузарондани корҳои назоратӣ таъкид кардааст, ки норасоиеро дарёфт накардаанд ва Русия уҳдадориҳояшро дар доираи созишномаи Вена оиди мустаҳкам кардани боварии тарафайн иҷро намуда истодааст.