ВАО: Низомиёни Бритониё даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд
Расонаҳои ғарбӣ менависанд, дар ҳудуди пойгоҳи низомии Бритониё дар музофоти Ҳилманд дасти кам 85 шаҳрванди Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксари онҳо ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.
Ин ВАО бо такя ба иттилои вакилони дифои ҳашт тан аз боздоштшудаҳо навиштаанд, ки бархе аз онҳоро тайи 14 моҳ аст бидуни эълони иттиҳоми мушаххасе нигоҳ медоранд.
Ин дар ҳолест ки ҳарбиёни Бритониё танҳо ҳаққи нигаҳдории муттаҳамон барои чор рӯзро доранд.
Вакилони дифои боздоштшудаҳо бо ирсоли номае аз Додгоҳи олии Бритониё хостаанд, ба ин амали ҳарбиён баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад ва агар гуноҳи зерҳимояҳои онҳо собит нашудааст, пас онҳоро раҳо созанд.