Муқомхонҳои машҳури Озарбойҷон дар Душанбе дарс медиҳанд
Устодони машҳури Озарбойҷон дар бахши муқоми қадимӣ фардо, 30-юми май, дар шаҳри Душанбе машғулияти таълимӣ мегузаронанд.
Тавре сафорати Озарбойҷон дар Душанбе иттилоъ медиҳад, дарсҳо дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар назар буда, зимни онҳо барандаи Фестивали дуюми байналмилалии муқом дар соли 2011, овозхон Ойтон Маҳаррамова, лаурети озмуни муқом дар соли 2005, овозхон Вугар Мусоев ва мусиқанавозони номӣ -- Адолат Беҳбудов ва Парвиз Фарҳодов машғулият хоҳанд гузаронд.