Бист муҳоҷири тоҷик дар марзи Абхозистон дармондаанд
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия даъват кардааст, ки аз сафар ба қаламрави Абхозистон (Абхазия) худдорӣ кунанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи ин хадамот рӯзи 29-уми май дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, пас аз анҷоми иҷозаи будубош дар Русия, муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои дубора ба қайд гирифтан мебояд ба Ватан баргарданд, ғайриқонунӣ ба давлати ҳамсарҳади Русия -- Абхозистон мераванд ва баъдан зимни баромадан аз ин кишвар ба мушкил рӯбарӯ мегарданд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо Абхозистон равобит ва муносибатҳои дипломатӣ надорад.
Мусоҳиби мо илова намуд, то ҳол 20 шаҳрванди Тоҷикистон барои баромадан аз хоки Абхозистон ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардаанд: "Аз ҷумла, ба Хадамоти муҳоҷират Саидхӯҷа Абдукаримов - сокини ноҳияи Рашт муроҷиат кардааст, ки писараш чанд моҳ боз дар Абхозистон бозмондааст ва наметавонад вориди қаламрави Русия шавад. Ҷиҳати мусоидат ва кумак расондан ба писари Саидхӯҷа Абдукаримов бо раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочӣ -- Фаррух Миров дар тамос шудем ва иброз доштанд, ки ба ӯ кумак расонда, мусоидати хешро дареғ нахоҳанд дошт".
Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иброз дошт, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар сурати пайдо шудани мушкилот ба телефонҳои боварии ин ниҳод (+992 837) 225-07-19, 225-05-87, 225-05-96 тамос гиранд.