Бозор Собир бо Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Миллат рӯбарӯ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Бозор Собир, шоире, ки нуздаҳ соли охир дар ғурбат зиставу чанд рӯз қабл ба Душанбе омад, мулоқот анҷом медиҳад.
Субҳиддин Муҳиддинов, мушовири калони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот соати 10:30-и рӯзи 30-юми май дар Кохи Миллат баргузор мешавад.
Ба қавли Муҳиддинов, ин мулоқот озод сурат мегирад ва хабарнигороне, ки номашонро сабтином мекунанд, имкони иштирок дар ин мулоқотро ба даст хоҳанд овард. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки Бозор Собир шоми 27-уми май бо даъвати шахсии раисиҷумҳур аз Амрико ба Тоҷикистон омад.
Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, аз ин сафар хушнуд аст ва барои даъват аз президент Раҳмон изҳори сипос мекунад.
“Бисёр ташаккур мегӯям. Мо саддарсад миннатдор. Қаблан аз тариқи хабаргузориҳои байналмилалӣ, мушаххастар аз интернет, бо вазъияти ҷумҳурӣ каму беш шиносам. Дар ин ҷо худсариҳои ҷамъиятӣ зиёд аст. Ҳизбҳои нодаркору ҷамъиятҳои нодаркор бисёранд. Мақсади ҳамаи мо як аст: мардуми замонавӣ бояд ба камол расонем, ки сазовори фахр бошад. Ҳар нависанда бо фахр гӯяд, ки ман мағзи халқам. Дар шакли алоҳида ҳеч чиз намешавад. Пеш аз ҳама бо чорабиниҳо ва кӯшишҳои бевоситаи президент мешавад. Як ман не, балки тамоми интеллегенсияи ҷумҳурӣ бевосита дар паҳлуи президенти ҷумҳурӣ бошем. Ҷамъияти бе контрол нест. Хусусан дар ҷамъияти мутамаддин, ҷамъияте, ки фарнҳангу илм дорад, ҳеч кас худсарона ҳеч кор карда наметавонад. Контрол ҳатмӣ, зарур ва мағзи корҳои дигар аст”,-таъкид дошт ӯ.
Бар хилофи сафарҳои қаблии Бозор Собир, ки танҳо ҳаводорону наздиконаш ба истиқболи ӯ мерафтанд, ин бор Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси Намояндагон ва Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба пешвозаш омада буданд.