Сафорат хонаводаи тоҷикистониро, ки аз Сурия бозгашт, ба Душанбе мефиристад
Шаш узви як хонаводаи тоҷикистонӣ тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав оварда шудаанд.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба “Озодагон” гуфт, Тӯйчӣ Раҳимов, Гулхумор Маҳмадрасулова, Фотима, Абӯбакр, Умар ва Усмон узви як хонаводаанд, ки се соли охир дар Димишқ, маркази Сурия, мезистанд. Онҳо аслан аз рустои Дегайи ноҳияи Нуробод будаанд.
Тӯйчӣ Раҳимов дар суҳбат бо кормандони сафорат гуфтааст, аз рӯи ихтисос хуқуқшинос буда, ҳамчун тарҷумон дар Сурия кор мекард. Ҳоло онҳо дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и шаҳри Маскав қарор доранд ва интизор меравад имрӯз сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо аҳли ин хонавода мулоқот кунад.
“Барои омода кардани ҳуҷҷатҳое, ки барои итиқол додани фарзандони ин оила ба Тоҷикистон лозим аст, сафорат кумак мекунад. Худи ҳамин рӯз то бегоҳ аҳли ин оила ба Тоҷикистон фиристода мешаванд”,-гуфт Эгамзод.
Муҳаммад Эгамзод афзуд, аз шаҳри Сурия ба Русия 130 шаҳрванди кишварҳои Шӯравии пешин интиқол ёфтаанд, ки аз инҳо 6 нафараш сокинони Тоҷикистон мебошанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия изҳори сипос кардааст.
Феълан Сафорати Тоҷикистон дар Русия ягон маълумот оиди ҳолок гардидани шаҳрвандони тоҷик дар ҷанги Сурия надоранд.