Сӯҳроб Шарифов гуфт, Хадамоти санитарӣ зидди даъвоҳои Онишенко “мусаллаҳ” бошад
Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, аз масъулони Хадамоти санитарӣ - эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хост, кори худро ҷиддӣ бигиранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, сустии кории ин хадамот метавонад барои Тоҷикистон дардисарҳое эҷод кунад.
Ин хоҳиши Шарифов дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе (29 май)-и парлумон, ҳангоми қабули тағйиру иловаҳо ба “Қонун дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ” садо дод. Сӯҳроб Шарифов гуфт, бояд Хадамоти санитарӣ - эпидемиологии Вазорати тандурустӣ коре кунад, ки “дӯстони Тоҷикистон”, ба мисли Онишенко, натавонанд ба онҳо эрод бигиранд. “Беҳтар аст, ба онҳо ё саривақт ҷавоб гардонд ё ин ки ҳамкориро дуруст ба роҳ монд, ки боиси эҷоди мушкилҳо нашавад”,-афзуд ӯ.
Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар Тоҷикистонро Холмаҳмад Назаров, як масъули Вазорати тандурустӣ муаррифӣ мекард ва Сӯҳроб Шарифов гуфт, ин хоҳиши ӯро ба раҳбарияти Хадамоти санитарӣ - эпидемиологии Вазорати тандурустӣ бирасонад.
Ин дархости Сӯҳроб Шарифов дар ҳолест, ки танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштаанд, ки вазъи санитарии онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар пайи он, чунин пешниҳод садо дод, ки Вазорати нақлиёти Русия якҷоя бо роҳҳои оҳани Русия ба Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил санад дар бораи қатъи иртибот бо Тоҷикистон тавассути роҳи оҳанро пешниҳод намоянд.